Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳам дар қатли кӯҳнавардон дастгир шуд


Мақомоти Покистон мегӯянд, фарде, ки бо куштори 10 кӯҳнавард дар Ҳимолой дар моҳи июни соли равон муттаҳам мешавад, дастгир шуд.

Полиси минтақаи Гилгит-Балтистон рӯзи панҷшанбе гуфт, ин муттаҳам Қарибуллоҳ ака Ҳасан, собиқ фармондеҳи Толибони Покистон аст.

Шаби 23-уми июн дар наздикиҳои қуллаи Нанга Парбат силоҳбадастон ба урдугоҳи кӯҳнавардон ҳамла карда, нуҳ кӯҳнаварди хориҷӣ ва раҳбалади покистонии онҳоро ба қатл расонданд.

Толибони Покистон ва гурӯҳи ҷангҷӯи Ҷундуллоҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Полис илова кардааст, ки Қарибуллоҳ ҳамчунон бо қатли се мансабдори масъули тафтиши ҳамла муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG