Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти атомии Эрон ба дасти ҳукумат гузашт


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки аз ин пас музокирот дар бораи барномаҳои атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии вазорати умури хориҷӣ сурат хоҳад гирифт. Баёния дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар торнамои раиси ҷумҳури Эрон нашр шуд. Ҷузъиёте дар ин бора гуфта нашудааст, вале зоҳиран музокироти ояндаи ҳастаиро Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷӣ раҳбарӣ ва ё касеро барои ин кор таъйин хоҳад кард. Музокироти ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ қаблан таҳти сарпарастии Шӯрои Амнияти Миллии Эрон сурат мегирифт, вале зоҳиран дар оянда мустақиман аз тарафи ҳукумат ҳидоят хоҳад шуд. Эрон чанд сол аст, ки бо 5 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Бритониё бар изофаи Олмон доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш музокирот дорад. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Эрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG