Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон ба кӯмаки молии бештар ниёз доштааст


Раҳбари “Еврогруп”, кишварҳои ҳавзаи евро рӯзи сешанбе гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб ба Юнон кӯмаки молии бештар зарур хоҳад шуд. Йерун Диселблум, вазири молияи Ҳолланд ва ҳамзамон раҳбари вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро, дар суханронӣ дар Порлумони Аврупо гуфт, ки “гирифториҳои Юнон то охири соли 2014 комилан ҳал нахоҳад шуд.” Ин кишвар аз соли 2009 дар вартаи муфлисӣ қарор дошт ва то кунун бо кӯмаки 316 миллиард долларӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул, ҳисобҳояшро пардохта ва барои ҳалли мушкилоташ сарфаҷӯӣ ва ислоҳоти дардноки иқтисодиву иҷтимоиро идома медиҳад. Янис Стоурнарас, вазири молияи Юнон, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, кишвараш соли оянда ба 13 миллиард евро кӯмаки молии изофӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG