Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тундрави покистониро дар Кобул куштанд


Хадамоти Амнияти Миллии Афғонистон мегӯяд, маъмуронаш ду покистониро куштанд, ки бо тирандозӣ дар як масҷиди шиъаён дар Кобул се намозгузорро маҷрӯҳ карданд. Ба гуфтаи ин хадамот, ҳамлаварон либоси маъмурони пулиси афғонро дар тан доштаанд ва ҳарду ҳам дар тирандозӣ бо маъмурони амниятӣ кушта шуданд. Афғонистон пайваста Хадамоти Истихборотии Покистонро ба паноҳ додан ба тундравон ва дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба Афғонистон муттаҳам мекунад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳафтаи пеш аз ҳукумати Покистон хост, дар роҳандозии музокироти сулҳ бо Толибон мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG