Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Ҷи-20 дар Русия оғоз мешавад


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Санкт Петербурги Русия, нишасти сарони 20 кишвари аз назари саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон шурӯъ мешавад. Навад дар сади тавлидоти ҷаҳон аз ҳисоби ҳамин 20 кишвар ҳосил мешавад. Сарони кишварҳои гурӯҳи мавсум ба Ҷи-20 умедворанд, дар робита ба мизони рушди иқтисодиву тиҷорат, шаффофият дар кори бонкҳо ва мубориза бо сарпечӣ аз пардохти молиёт ба мувофиқа бирасанд. Зоҳиран Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо истифода аз фурсат дар ин нишаст, ба иқдоми низомӣ алайҳи Сурия даъват хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Сурияро барои истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар наздикии шаҳри Димишқ танбеҳ бидиҳанд. Бинобар моҷаро бар сари Эвдвард Сноуден, маъмури собиқи иттилоотии Амрико, ки дар Русия ҳаққи паноҳандагӣ гирифт, Барак Обама бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқоти як ба як нахоҳад дошт. Барак Обама бо ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия аз ҷумла фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён мулоқот хоҳад дошт. Русия чанде пеш қонунеро қабул кард, ки тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар кишварро мамнӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG