Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август


Сӯҳробӣ, Ширинбеков ва Муртазоев
Сӯҳробӣ, Ширинбеков ва Муртазоев

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин доварро дар моҳи август муайян кард.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, беҳтаринҳои моҳи август аз рӯи натоиҷи бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд.

Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Эрон Ҳусейни Сӯҳробӣ, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи август эълон шуданд. Ба ҳар кадом аз беҳтаринҳои моҳи август ҷоиза ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Никола Кавазович, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Бразилия Виллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва довари FIFA Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май, Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ва Диловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуда буданд.

Моҳи июл беҳтаринҳо муайян карда нашуданд, зеро ки дар ин моҳ бозиҳои расмӣ баргузор нашуданд.
XS
SM
MD
LG