Пайвандҳои дастрасӣ

Обама:Ҳамлаи Сурия набояд бепосух монад!


Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама бори дигар таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад дар муқобили ҳамлаҳои ба истилоҳ “барбарӣ”-и кимиёӣ дар Сурия хомӯш бошад.

Рӯзи чоршанбе дар Стокҳолм президент Обама бо сарвазири Шветсия Фредрик Рейнфелд вохӯрд.

Раҳбари амрикоӣ гуфт, агар ҳамлаи кимиёии 21-уми август бепосух монад, ҳукумати Сурия чунин ҳамлаҳоро давом хоҳад дод.

Президенти ИМА дар роҳ ба нишасти раҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам маъруф бо номи G 20, ки 5 ва 6-уми сентябр дар Санкт Петербурги Русия доир хоҳад шуд, аз Шветсия зиёрат кардааст.
XS
SM
MD
LG