Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия вуруди суриягиҳоро ба Аврупо осон кард


Идораи давлатии муҳоҷирати Шветсия ба ҳазорон хонаводаҳои суриягӣ иҷозаи вуруд ба кишвар дод ва ҳаққи зисти доимиро бароои онҳо ироа кард. Шветсия нахустин кишвари Иттиҳодияи Аврупост, ки ба ин иқдом даст задааст. Дигар кишварҳои Иттиҳодия фақат иҷозаи зист муваққат, таври маъмул, барои як солро медиҳанд.

Иҷозаи ҳамроҳшавӣ бо хонавода барои фирориёни суриягӣ роҳи вуруди қонунӣ ба Аврупоро боз мекунад. То имрӯз онҳо маҷбур буданд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ талоши вуруд ба ин қораро кунанд. Беш аз якуним ҳазор суриягиҳо аллакай барои ҳамроҳшавӣ бо хонаводаҳо ба идораи муҳоҷирати Шветсия ариза навиштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Идораи СММ дар умури паноҳандагон, аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ин кишварро беш аз 2 миллион нафар тарк намудаанд. Ин ниҳод рӯзи сешанбе хабар дод, ки тайи як соли ахир теъдоди фирориён тақрибан даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Антонио Гуттиериш, намояндаи Идораи СММ дар умури паноҳандагон, изҳор намуд, ки “Сурия ба бузургтарин фоҷиаи қарн табдил шудааст”.

Ба иттилои СММ, ҳамарӯза тақрибан панҷ ҳазор суриягиҳо дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ мебаранд. Теъдоди фирориёни дохилӣ дар Сурия аз марзи чаҳор миллион нафар убур кардааст.

Қарор аст, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Женева намояндагони СММ ва вазирони зидахли Ироқ, Урдун, Лубнон ва Туркия, кишварҳое, ки мизбони иҷбории паноҳандагон аз Сурия шудаанд, роҳҳои афзоиши кӯмаки байнулмилалӣ ба фирориёнро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG