Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи артишҳои дӯсти ИДМ оид ба дзюдо дар Душанбе


Рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии артишҳои дӯсти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар риштаи дзюдо баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар ин бора рӯзи 2-юми сентябр, дар ҷаласаи раҳбарони кумитаҳои варзиши Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, зикр гардид.

Дар ин ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз он ҷумла доир намудани спартакиадаи артишҳои кишварҳои ИДМ, ҳамчунин, гузаронидани мусобиқаи қаҳрамонии артишҳои дӯсти кишварҳои ИДМ оид ба дзюдо дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Таъкид гардид, ки чунин мусобиқа барои аввалин бор дар Тоҷикистон бо ибтикори Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барпо мегардад.

Чунон ки Ерлан Таласбаев, раиси Кумитаи варзиши назди ИДМ, ба хабарнигорон гуфт, “ҷаласаи кумитаи варзиш дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва вазифаи аслии ин мақомот таҳияи барномаҳои муштарак ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ мебошад. Ҳадаф аз баргузории спартакиадаҳои артишҳои дӯст, пеш аз ҳама, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобила миёни ширкаткунандагони мусобиқот мебошад. Бинобар ин чорабиниҳои мо таҳти шиори “Дӯстӣ тавассути варзиш” доир мешаванд.“

Фарҳод Раҳматуллоев, сардори бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, иброз дошт, ки мусобиқаи қаҳрамонӣ оид ба дзюдо дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ин мусобиқа ним сол аст, ки омодагӣ мебинад ва дар ҳамаи вазнҳо рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG