Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва ИМА юриш ба урдугоҳи Ашрафро маҳкум карданд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Созмони Милал ҳамла ба урдугоҳи Ашраф, қароргоҳи паноҳандагони эронӣ дар Ироқро маҳкум карданд. Рӯзи якшанбе дар ҳамла ба урдугоҳи Муҷоҳидини Халқ тақрибан 50 нафар кушта шудаанд ва аъзои гурӯҳ мегӯянд, ки нерӯҳои ироқӣ ба урдугоҳи онҳо юриш бурдаанд. Мақомоти Ироқ ин иддаъоро рад карданд. Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри баёнияе гуфт, “масъулони ин ҳамла бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.” Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, рӯзи якшанбе гуфтааст, ки ин созмон хушунат дар урдугоҳи Муҷоҳиддини Халқро маҳкум мекунад ва аз мақомоти Ироқ мехоҳад, “ҳодисаҳои фоҷиабор” дар онҷоро таҳқиқ кунанд. Созмони Муҷоҳидини Халқ аз мухолифони ҳукумати исломии Эрон ҳастанд ва дар ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ дар канори нерӯҳои Саддом Ҳусайн, алайҳи Эрон ҷангидааст.
XS
SM
MD
LG