Баъд аз расидани нома бо аксҳои Файзиддин мо бо волидонаш дар тамос шудем ва аён гардид, ки ӯ маъюби модарзодӣ буда, як маротиба ҷарроҳиро аз сар гузарондааст.
Равшан Зикиров мегӯяд, ки аз набудани шароит ба ҷарроҳии дубораи писараш муваффақ нашудааст. Дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ӯ афзуд, ки дар яке аз корхонаҳои маҳаллӣ кор мекунад ва маоши ночиз мегирад. Падари Файзиддин гуфт, ки бори нахуст писарашро дар беморхонаи шаҳри Норак ҷарроҳӣ кардаанд ва то ҷое пойи писараш, беҳбудӣ ёфтааст. Табибон гуфтаанд, дар ҳоли ҷарроҳии дубора пойи писараш сиҳат мешудааст.
Файзиддин, писари сеюми оилаи Зикировҳо ва ягона маъюб дар ин хонавода аст. Ба гуфти наздиконаш, ҳарчанд, ки Файзиддин дар мактаб таҳсил мекунад, вале рӯзҳои борон ё барф наметавонад аз хона берун равад ва аз ин рӯ то ҷое дар азхудкунии барномаи таълимӣ аз ҳамсабақонаш қафо мондааст.
Равшан Зикиров, сокини деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара аст ва умед дорад, ки бо кӯмаки шахсони саховатпеша писараш комилан сиҳат мешавад.