Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нелсон Мандела табобатро дар манзилаш идома медиҳад


Нелсон Мандела, сарвари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, рӯзи якуми сентябр ба манзилаш интиқол ёфт. Дар ин бора ҳукумати кишвар изҳороти расмӣ нашр кард. Дар изҳорот гуфта шудааст, “табибони Мандела мутмаинанд, ки дар манзилаш дар Хоутон (канори Иоханнесбург) ӯро чун дар бемористон дар Претория нигоҳубин хоҳанд кард”.

Як рӯз пеш дафтари раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ хабарҳо дар бораи ба манзил баргаштани Манделаро рад карда эълом дошт, ки ӯ чун пештара дар бемористони Претория зери назорати табибон қарор дорад. Табибон аз вазъи сиҳати Манделаи 95-сола ҳамоно нигаронанд.

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Нелсон Мандела, ки рамзи зиндаи мубориза бо нажодпарастӣ маҳсуб мешавад, 8 июли соли равон бо маризии шуш ба бемористон интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG