Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми Покистон бар зидди телефонҳои дастӣ


Покистон фармон додааст, ки тақдимкунандагони хадамоти мобилӣ имтиёзҳои истифодаи бепул ва ё арзонро қатъ кунанд, то ҷавонон бо аъмоли мухолифи арзишҳои ахлоқӣ машғул нашаванд.

Сар аз дуюми сентябр тақдимкунандагони хадамоти мобилии Покистон бояд имкони муколамаҳои бепул ва ирсоли бепули СМС ё худ паёмҳои элктронӣ тавассути телефонҳои дастиро қатъ кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои покистонӣ бисёриҳо шикоят кардаанд, ки имкони сӯҳбатҳои бепул писарону духтаронро ба сӯҳбатҳои бепоён ташвиқ кардааст.

Баъзе рӯҳониёни покистонӣ гуфтаанд, ки писарону духтарон шаби дароз сӯҳбат карда, ахлоқашонро фосид мекунанд.
XS
SM
MD
LG