Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кирояи "фата" то 5 ҳазор доллар. Сабаб кодекси андоз?


Пироҳани арӯсии аврупоӣ, ки имрӯзҳо дар байни мардум «фата» ном гирифтааст, либоси хоси арӯсон аст, ки духтарон танҳо як шаб ба бар мекунанд.

Аммо миёни арӯсони тоҷик рақобате муд шудааст, ки кӣ дар шаби арӯсияш гаронтарин «фата»-ро ба бар мекунад. Онҳо фикр мекунанд, нархи пироҳани арӯсӣ муайянкунандаи обрӯи арӯс аст.

Мадина Хайриддини 23-сола, ки 8-уми сентябр тӯй дорад, гаронтарин либоси арӯсиро киро кардааст ва барои як шаб пӯшидани он се ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад. Маблағе, ки камтар аз қалин аст. Пироҳани арӯсие, ки Мадина иҷора гирифтааст, бо сангҳои сваровский оро ёфта, доманаш 6 метр аст. Мадина бо ифтихор гуфт, ки ӯ зеботарин ва гаронтарин пироҳани арӯсиро киро кардааст:

«Дар аввал нархи "фата"ро панҷ ҳазор гуфтанд, ки фикр кардам панҷ ҳазор сомонӣ бошад. Аммо баъдан фаҳмидам, ки ин панҷ ҳазор доллари амрикоӣ будааст. Бароям фата хеле писанд омад. Азбаски корманди толори арӯсӣ шиносамон буд, онро дар се ҳазор доллар иҷора гирифтам. Гуфтанд, ки ин фатаи хоса аст ва аввалин шуда онро ман ба бар мекунам».

Пули ин либос дар байни оилаҳои домод ва арӯс баробар тақсим мешавад. Ба нақли Мадина, падараш тоҷир аст ва пардохтани ин маблағ барояш мушкиле надорад. Аммо на ҳама мисли Мадина падари сарватманд доранд ва теъдоди онҳое, ки чунин пироҳанро ба худ иҷоза медиҳанд, зиёд нест.

Моҳира Нодирова, аммаи Мадина, мегӯяд, ҳама арӯсон мехоҳанд рӯзи туйяшон зебо бошанд, аммо барои ин набояд ба волидони худ ҷабр кунанд. Ҳамин талаби зиёд аст, ки ба гуфтаи Моҳира Нодирова дар Тоҷикистон ҳоло шавҳар додани духтар аз тӯйи ду-се писар дида мушкилтар шудааст. Воқеан, дар даҳ толори арӯсие, ки мо аз онҳо дидан кардем, иҷораи либосҳои арӯсӣ аз дусад доллари амрикоӣ сар шуда, то ба панҷ ҳазор доллар мерасад.

Нилуфар Ҷонхонова, як корманди толори арӯсӣ дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, яке аз сабабҳои яку якбора боло рафтани арзиши иҷораи пироҳани арӯсӣ дар салонҳои пойтахт, қабул шудани Кодекси нави андоз аст. Соҳибкорон қаблан барои иҷора додани ин либос дар асоси патент кор мекарданд, ва ҳоло бошад, бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ андоз медиҳанд, ки баландтар аст: «Чанд чиз аст, ки сабаби боло рафтани нархи иҷораи фатаҳо шудааст. Боло рафтани андоз, боҷи гумрукӣ ва зиё шудани маблағи иҷораи толор.»

Ҳамчунин ба қавли Нилуфар, агар арзиши миёнаи иҷораи либоси арӯсӣ барои як рӯз дар салонҳои канори шаҳр чорсад доллар бошад дар маркази шаҳр он на камтар аз ҳафтсад ё ҳашсад доллар аст. Биноан он либосе, ки дар толорҳои арӯсии маркази шаҳр се ё чор ҳазор доллар арзиш доранд дар канори шаҳр онро метавон дар 1500 доллар гирифт.

Зимнан Нилуфар изҳор кард, ки ҳар касе «пулро бе дарди миён» ба даст овардааст моли 1500 доллараро дар се ҳазор доллар рафта иҷора мегирад.

Аммо масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, боло рафтани арзиши иҷораи либосҳои арӯсӣ ба Кодекси нави андоз рабте надорад. Додихудо Абдуллоев, корманди Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтаҳои соҳибкоронро сӯйистифода аз Кодекси нави андоз унвон кард: «Маблағи ҳама чизро оварда ба боло патент бор карда истодаанд. Бозордорон аз ин чиз сӯйистифода мекунанд. Ҳама гуноҳро бар сари мақомоти андоз бор мекунанд».

Ҳамзамон ҷаноби Абдуллоев қаблан дар асоси патент фаъолият кардани соҳибкоронро, ки ба иҷораи либосҳои арӯсӣ кор мекунанд тасдиқ намуда гуфт, тибқи банди 31 фаъолият бо патент ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хуҷанд соҳибкороне, ки ба додани иҷораи либосҳои арӯсӣ машғуланд бе назардошти коиффисенти минтақа ҳар моҳ 440 сомони андози патент месупоранд. Аммо соҳибкорони шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд бошанд таҳти рақами 363 аз 3-юми августи соли ҷори аз рӯйи шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мебаранд, ки аз даромади моҳонаи худ бояд 6 дарсади онро андоз супоранд. Масалан, дар сурати 10 000 сомонӣ фоида ба даст овардан, бояд 600 сомонӣ андози давлатӣ супорида шавад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон хароҷоти тӯй, кам ё зиёд гирифтани қалин танзим мешавад, ин қоида ба нархгузории пироҳани арӯсӣ рабт намегирад.

Ҳамдам Тағоймуродов, роҳбари Хадамоти зидди инҳисорӣ дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт: «Иҷораи либосҳои арӯсӣ маводи дараҷаи аввалия ба ҳисоб намеравад, ки зери танзими давлат қарор гирад.»

Зимнан, пироҳани арӯсии аврупоӣ то даҳ соли пеш дар Тоҷикистон маҳбубият надошт ва онро либоси хоси русҳо медонистанд. Рӯҳониён ҳам ин либосро бо сабаби бараҳна нишон додани баъзе аз қисмҳои бадани духтар қабул надоштанд, аммо омезиши он бо рӯсарӣ ва гоҳе пардаю ниқоби тӯрӣ, онро ба дили арӯсону домодҳо наздик кард.
XS
SM
MD
LG