Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз манотиқи офатзадаи Русия зиёрат кард


Президенти Русия Владимир Путин аз манотиқи офатзадаи шарқи дури ин кишвар зиёрат кард.

Рӯзи панҷшанбе ҳангоми мулоқот кишоварзону раҳбарони маҳалҳои вилояти Амур Путин ваъда дод, ки хасороти онҳо ҷуброн хоҳад шуд.

Баъд президенти Русия ба шаҳри Хабаровск сафар кард. Сатҳи оби рӯди Амур ба таври бесобиқа боло рафтааст ва ин раванд идома дорад.

Обхезии бузургтарини 120 соли ахир ба корхонаҳо, майдонҳои кишт ва маҳалҳои зисти вилоятҳои Амур, Хабаровск, вилояти мухтори яҳудӣ ва ҷумҳурии Ёқутистони Русия зиёни молии зиёд овардааст.
XS
SM
MD
LG