Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ сарбози амрикоиро ба қатл маҳкум кард


Як сарбози амрикоиро ки чаҳор сол пеш 13 ҳамхидматашро кушт, ба марг маҳкум кардаанд. Додгоҳи низомии Амрико баъд аз 2 соат машварат, рӯзи чаҳоршанбе майор Нидол Ҳасанро барои ин ҷинояташ ба қатл маҳкум кард. Нидол Ҳасан эътироф кардааст, ки моҳи ноябри соли 2009 дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд дар аёлати Тексас бо тирандозӣ 13 нафарро кушта ва 31 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ӯ гуфтааст, ки ба хотири ҷангҳои Амрико дар кишварҳои мусулмонӣ ниқор гирифт ва мехост, шаҳид шавад. Дар Амрико тӯли беш аз 50 соли ахир ҳеҷ як сарбозеро ба қатл маҳкум накарда буданд. Айни замон ҳуқуқдонон мегӯянд, бо назардошти тӯлонӣ будани муҳокимаҳои додгоҳҳои низомии Амрико ва баррасии шикоят, то иҷрои ҳукми қатли Нидол Ҳасан солҳо ва ё даҳсолаҳо бигзарад.
XS
SM
MD
LG