Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баҳс мекунад


Яке аз мавзӯҳорми меҳварии нишасти сарони СПАД, ки қарор аст ба таърихи 23 сентябр баргузор шавад, тақвияти ҳифзи марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон хоҳад буд.

Ин матлабро Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шоми рӯзи сешанбеи 27 август баён кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор масоили ҳамкорӣ дар чорчӯби СПАД ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд.

Ин манбаъ меафзояд, таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид. Ба ин далел таъкид шуд, ки ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СПАД дар охири моҳи сентябр дар шаҳри Маскав мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол Николай Бордюжа гуфт, ки СПАД то замони баргузории нишасти сарон дар пойтахти Русия, пешниҳодотеро ҷиҳати кӯмак ба тақвияти ҳифзи марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, дар пасманзари берун шудани неруҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 таҳия хоҳад кард.

Зеро ҷаноби Бордюжа бар ин бовар аст, ки "бояд ба ҳама гуна таҳаввулот дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон омодагӣ сурат бигирад". Чун ба эътиқоди дабири кулли СПАД, дар бархе аз нуктаҳои марзӣ вазъ таҳаввули нигаронкунандаро гирифтааст ва гузашта аз ин, шумораи даргириҳои низ афзудааст.

Аз сӯи дигар Николай Бордюжа бар ин назар аст, ки неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки муддати 8 соли ахир мустақилона марзро ҳимоят мекунанд, комилан бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз нестанд ва ба кӯмак ниёз доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар дидори ахири президентони Русия ва Тоҷикистон дар аввали моҳи ҷорӣ, Маскав ваъдаи 200 миллион доларии кӯмаки фаннӣ ва таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистонро кард.

Зимнан, Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад ва он марзи ҷанубии кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад.
XS
SM
MD
LG