Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии созишномаи будубоши тоҷикистониён дар Русия


Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон созишномаи байни Тоҷикистону Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишварро бо ширкати раиси Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев баррасӣ намуданд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи васеи кумитаи МН Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Созишномаи байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар он Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон даъват шуда буд. Ба қавли Абдуллоҳи Қодирӣ, дар ин ҷаласа вакилон бо матни Созишнома ҳамаҷониба ошно буданд ва ба намояндаи Хадамот суолу ҷавобе сурат нагирифт, онҳо ҳама ин сандаҳоро муҳим ва зарурӣ мешуморанд.

Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, ки 8 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.08.2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Созишномаи мазкур дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG