Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ ба Душанбе меояд


Генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон.
Генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон.

Фармондеҳи артиши Покистон генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд.

Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, ки генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, сарфармондеҳи нерӯҳи хушкигарди Артиши Покистон фардо, чаҳоршанбеи 28-уми август бо як сафари серӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Бахтиёр Бозоров, як масъули дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ дар ҷараёни сафари худ аз Тоҷикистон бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ ва дигари мадомоти баландпояи ин кишваор дидору гуфтугӯ мекунад".

Гуфта мешавад, мулоқоти генералои покистонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст.

Ҷаноби Бозоров густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Покистонро аз мавзуоти меҳравии матраҳшаванда дар дидору гуфтугӯҳои генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ бо мақомоти Тоҷикистон унвон кард.

Ҳамчунин ба таъкиди ин масъули дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон, дар ҷараёни боздиди худ генерал Каёнӣ аз пойгоҳҳои ҷузъу воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон дидан намуда ва бо афсарону сарбозони тоҷик дидор хоҳад кард.

Зимнан, равобити низомӣ ва низомӣ - фанӣ миёни Тоҷикистон ва Покситон аз соли 2009 оғоз шуда ва ба таъкид масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистогн сол аз сол густариш меёбад.
XS
SM
MD
LG