Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистон дар интихоботот чӣ кор мекунанд?


Яке аз нишастҳои рӯзноманигорони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз нишастҳои рӯзноманигорони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз рӯзноманигорони кишвар даъват кардааст, ки дар инъикоси ва баррасии маъракаи интихоботи қарибулвуқуъ, ҳирфаӣ бархӯрд кунанд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз Шӯрои ин ниҳоди рӯзноманигорӣ бо қабули як муроҷиатнома ба аҳли қалами кишвар, онро дар саҳифаҳои матбуот мунташир кардааст.

Аз ҷумла дар он омадааст, ки «рӯзҳои наздик маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ шурӯъ мегардад ва бояд эътироф кунем, ки масъулияти ВАО ва журналистон дар назди ҷомеа бо риояи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофкардаи давлат ва меъёрҳои касбиву ахлоқии журналистӣ муайян мегардад. Журналистон новобаста аз он ки дар ВАО – и гуногун (ҳукуматӣ, ҳизбӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ) кор мекунанд ва сиёсати редаксионии мухталиф доранд, муқаррароти бандҳои қонун ва меъёрҳои мазкурро бояд риоя намоянд».

Шӯрои ВАО аз журналистони касбӣ ва алоқамандони ВАО тақозо кардааст, ки ҳангоми навиштани матлабҳо дар давраи интихобот, ба чанд масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Аз ҷумла аз рӯзноманигорон даъват шудааст, ки дар навишти матлаб бо масъулият бошанд ва аз танқидҳои беасос парҳез намуда, «меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя намоянд

Шӯрои ВАО ҳамчунин таъкид мекунад, ки журналистон иттилооти аниқ, беғараз ва мутавозинро ба мардум пешниҳод карда, бояд мутмаин бошанд, ки муҳтавои матлаби пешниҳодкардашуда бо далелу арқоми санҷидашуда фароҳам бошад.

Ҳамзамон, Шӯрои ВАО масъулони интихобот, аз ҷумла корбарони ҳавзаҳо ва минтақаҳои райъдиҳӣ даъват кардааст, ки дар раванди интихобот аз ҳама гуна зӯроварӣ, шантаж ва сӯистифода аз мақом дар муносибат бо ВАО ва журналистон роҳ надиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, 30-уми август иҷлосияи якҷояи палатаи болоӣ ва поёнии Маҷлиси Олӣ сурат мегирад, ки дар он рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикисотн таъин хоҳад шуд.

Абдуманон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 31-уми август мулоқоти кормандони ин ниҳод бо намояндагони ВАО дар робита ба интихоботи қарибулвуқъ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG