Ҳангоми ҳаракат ба макони ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ, воқеъ дар канори Димашқ, мошини муфаттишони силоҳи СММ мавриди оташ қарор гирифтааст.
Сухангӯи СММ Мартин Несиркӣ рӯзи душанбе гуфт, снайпер ё худ мерганҳои номаълум санҷида мошини СММ-ро тирборон карданд.
Ӯ афзуд, ки мошин зиён дид, вале касе аз муфаттишон захм набардоштааст. телевизиони Сурия мегӯяд, “террористон” муфаттишони СММ-ро оташборон кардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва Созмони табибони бидуни марз мегӯянд, ҳамлаи рӯзи чоршанбе, ки дар он эҳтимолан силоҳи кимиёӣ истифода шудааст, ҳаёти беш аз 300 нафарро аз байн бурд.