Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз таҳдиди ИМА нигарон аст


 Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ
Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ
Русия ба ИМА ҳушдор додааст, ки амалиёти низомӣ бар зидди режими президенти Сурия Башор ал-Асад паёмади фавқулода хатарбор хоҳад дошт.

Рӯзи душанбе вазорати корҳои хориҷии Русия иброз дошт, ки 25-уми август дар як сӯҳбати телефонӣ вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки ӯ аз тафсирҳои мансабдорони амрикоӣ дар бораи омодагии Вашингтон барои дархолат дар Сурия нигарон аст.

Изҳороти мақомдоролни амрикоӣ баъди иттиҳоми истифодаи силоҳи кимиёӣ аз тарафи нерӯҳои содиқ ба режими Асад садо додаанд.

Вазири корҳои хориҷии Фаронса Лоран Фабиус мегӯяд, рӯзҳои наздик кишварҳои ғарбӣ мутобиқ ба таҳқиқот посух хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG