Обама рӯзи шанбе бо мушовирони баландпояи худ мулоқот кард ва ҳамзамон телефонӣ бо Дэвид Камерон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар эъломияи Британия омадааст, Обама ва Камерон аз “нишонаҳои ҳар чӣ бештар”-и истифодаи аслиҳаи кимёӣ дар ҳамлаи 21 август аз тарафи нируҳои режими Сурия нигаронанд.
Амрико мегӯяд, ки бозрасӣ ба ин ҳодиса идома дорад. Ҳукумати Сурия мегӯяд, ки аз гази заҳрогин истифода накардааст ва баръакс барои ин кор нируҳои шӯриширо гунаҳгор медонад. Ба гуфтаи ҷониби ҳукумат, нируҳои шӯришӣ ин ҳамлаи таҳрикомезро анҷом додаанд, то заминаҳои таҷовузи низомии кишварҳои ғарбӣ ба Сурияро фароҳам оранд.
Бино ба гузоришҳои дигар, Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа телефонӣ бо Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия гуфтугӯ кардааст. Мақомот мегӯянд, Ҷон Керрӣ ба вазири Сурия гуфтааст, ки агар ҳукумати Сурия ин ҳамларо анҷом надода бошад, пас бояд ба бозрасони СММ билофосила иҷоза диҳад, то онҳо ба ин минтақа ворид шаванд ва дар маҳали ҳодиса ба ин ҳамла расидагӣ кунанд. Бар асоси ин гузориш, Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷаи Арабистони Саудиву Урдун ва Туркия низ вазъиятро баррасӣ кардааст.
Созмони хайрияи Пизишкони Бидуни Марз гуфтаанд, ки бемористонҳои наздикии шаҳри Димишқ марги 355 нафар ва заҳролуд шудани 3 600 нафарро аз гази заҳрогин сабт кардаанд. Мего Терзиён ба телевизиони Ройтерз гуфтааст, вай мутмаин аст, ки қурбониён аз гази фалаҷкунандаи аъсоб ҷон додаанд, вале натавонистааст бигӯяд, ки ин газро кадом нируҳо истифода кардаанд. Вай гуфт, то ҳол маълум нашудааст, ки дақиқан кадом навъи гази заҳрогинро ба кор бурдаанд.
“Он чӣ мо гуфта метавонем, ин аст, ки шумораи аслии муштариён, такрор мекунам, шумораи аслии муштариён дар се соати аввал бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз гази фалаҷкунандаи аъсоб ба шифохона муроҷиат кардаанд ва ин падидаи маъмулист. Мо мутмаин ҳастем, ҳатто сад дарсад мутмаин ҳастем, ки моддаи фалаҷкунандаи аъсоб ба кор бурда шудааст, вале кадом навъи он мо таъйид карда наметавонем. Ҳамчунин гуфта наметавонем, ки шӯришиён онро ба кор бурдаанд ё нируҳои ҳукуматӣ. Мо инашро намедонем”.
Сарчашмаҳои наздик ба нируҳои мухолифони давлати Сурия мегӯянд, ки дар ин ҳамла аз 500 то 1000 нафар ҷон додаанд.
Бино ба хабарҳои ахир, Амрико киштиҳои низомӣ ва воситаҳои дигари низомии худро ба ҳаракат даровардааст ва ба имкони ҳамлаи низомӣ омодагӣ мегирад.
Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико рӯзи якшанбе дар ҷараёни боздид аз Малайзия гуфт, Амрико ҳоло ба амалиёти низомӣ омода шудааст ва Обама бояд ба ин амалиёт иҷоза диҳад.
“Президент Обама аз вазорати дифоъ хост, ки ба ҳар навъ амал омода бошем. Мо ин корро кардем. Бори дигар мегӯям, мо барои ҳар гуна амал омода шудаем ва ҳар кадоми онро ки вай хост, мо онро анҷом медиҳем”.
Ҳоло Амрико садҳо нафар ниру, ҳавопаймоҳои ҷангии ва мушакҳои дифоиро дар ҳамсоягии Сурия дар Урдун мустақар кардааст.
Аммо ҳукумати Сурия бар зидди амалиёти низомии Амрико ҳушдор додааст. Умрон Зубӣ-вазири иттилооти Сурия гуфт, ҳар гуна амалиёти нируҳои Амрико сабаби ташаннуҷи бештари вазъ дар Ховари Миёна хоҳад шуд.
Эрон-ҳампаймони Сурия низ бар зидди ҳамлаи Амрико ҳушдор дод. Аббос Арақчӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар гуфт, ки чунин ҳамла ваpъро танҳо бадтар мекунад. Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Эрон бовар дорад, ки мардум дар Сурия аз аслиҳаи кимёӣ кушта шудаанд. Вале нагуфт, ки ин аслиҳаро кадоме аз ҷонибҳо истифода кардааст. Бо вуҷуди ин вазорати корҳои хориҷаи Эрон аз иддаои ҳукумати Сурия ҳимоят кард, ки мегӯяд, нируҳои мухолифони давлати Сурия ин ҳамларо анҷом додаанд.