Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абад барои сарбози муттаҳам дар "куштори Қандаҳор"


Додгоҳе дар Амрико Роберт Бейлс, як сарбози амрикоиро ба қатли дастаҷамъии 16 ғайринизомиёни афғон гунаҳкор донист ва ӯро ба зиндони якумрӣ ва бидуни ҳаққи авф маҳкум кард.

Гурӯҳи шашнафарии додситонҳои низомӣ ҳукмро рӯзи ҷумъа дар додгоҳе дар таъсисоти низомии Люис Маккорд дар аёлати Вашингтон эълон карданд Ба гуфтаи додситонҳо, ин сарбози амрикоӣ моҳи марти соли гузашта дониста ба ду русто дар вилояти Қандаҳори Афғонистон ҳамла карда ва афроди бегуноҳро куштааст.

Пеш аз дарёфти ҳукми додгоҳ, гурӯҳе аз шаҳрвандони афғон, ки хонаводаҳо ва наздикони худро дар ин тирандозии шабона аз даст дода буданд, дар додгоҳ дидгоҳҳои худро баён карданд. Яке аз ин шаҳрвандон, ки Муҳаммад Вазир ном дорад, ба додгоҳ гуфт, ин сарбоз ба хонаи ӯ ҳамла карда ва шаш фарзанд ва панҷ узви дигари хонаводаи ӯро куштааст. Аксари қурбониёни ҳамлаи Роберт Бейлс кӯдакон ва занон буданд.

Нӯҳ шоҳид тай замони муҳокима аз Афғонистон ба Амрико интиқол дода шуданд ва дар додгоҳ ширкат карданд. Шаҳрвандони афғон дар Қандаҳор аз баргузории ин додгоҳ дар Амрико розӣ набуда ва дар эътирозоти гуногун хоста буданд, то ҷараёни додрасӣ ва таъйини муҷозот дар хоки Афғонистон анҷом
Дафнгоҳи афроде, ки аз сӯи ин сарбози амрикоӣ ба қатл расиданд.
Дафнгоҳи афроде, ки аз сӯи ин сарбози амрикоӣ ба қатл расиданд.
шавад.

Рафеъулло Бедор,
сухангӯи Комиссия мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон низ дар ин маврид гуфтааст: «Дар маҷмуъ, шиддат ва навъияти ин ҷурм нишон медиҳад, ки ҷазо бояд сангин бошад. Агар сангин набошад, дар он сурат тамоми афроде, ки дар ин ҷанг зарар диданд, шояд аз ҷараёни адолат маъюс шаванд.»

Ду моҳ пеш ин сарбоз барои «гурез аз гирифтани ҳукми эъдом" бо додситонҳо тавофуқ кард, ки ба гуноҳи худ эътироф кунад. Дар ниҳоят ӯ вазнинтарин муҷозоти мумкинро пас аз эъдом, яъе ҳабси абд бидуни бахшиш, дарёфт.

Ӯ рӯзи панҷшанбе дар додгоҳ барои қатли дастаҷамъии ғайринизомиён узр хост ва ин корашро «амали буздилона» хонд. Вакилони дифоъаш мегӯянд, ки фишори равонӣ ва асабоният, зоҳиран сабаби чунин бедодгарии сарбози амрикоӣ шудааст.

Бейлс имкони ироаи дархости афв надорад, аммо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки пас аз 20 сол ба таври машрут озод шавад. Ҳарчанд барои ин озодӣ мувофиқаи панҷ тан аз шаш узви ҳайати қазоӣ лозим аст.
XS
SM
MD
LG