Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши маводи сухти Душанбе гарон шуд


Субҳи имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши маводи сухти пойтахт нархи як литр бензини навъи 92 аз 5 сомониву 80 дирам ба 6 сомониву 30 дирам афзудааст.
Нурулло Ашуров, яке аз ронандагони таксии «Азиан Экпресс» субҳи панҷшанбе дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар нуқтаи фурӯши маводи сухти назди Автовокзали пойтахт, ки ба ширкати “Tom oil” таалуқ дорад бензини навъи «95» харидорӣ кардааст, ки дар ивази як литр 6 сомониву 80 дирам пардохтааст.
Ба ин тартиб дар фурӯшгоҳҳои маводи сухти пойтахт қимати бензини навъи 92 ба 6 сомониву 30 дирам ва навъи «95» ба 6 сомониву 80 дирам баробар шудааст, ки як рӯз қабл нархи онҳо ба 5 сомониву 80 дирам ва 6 сомониву 40 дирам баробар буд.
Масъулини ширкати Газпромнефти Тоҷикистон мегӯянд, сабаби аслии якбора гарон шудани бензин кам ворид шудани маводи сухт аз хориҷ ба Тоҷикистон мебошад.То кунун онҳо аз захирае, ки қаблан ворид карда буданд маводи сухтро дар фурӯш гузошта буданд ва он захира ҳам ба охир расидааст.
XS
SM
MD
LG