Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои тафтиши ҳамлаи кимиёии Сурия


ИМА талаб кардааст, ки муфаттишони СММ фавран аз макони ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Сурия болои мардуми осоишта боздид намоянд.

Иддао мешавад, ки дар ин ҳамла нерӯҳои давлатии Сурия аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдаанд.

Рӯзи чоршанбе гурӯҳи асосии мухолифини Сурия ҳукумати президент Башор Ал-Асадро бо куштори 1300 нафар дар канораҳои Димашқ муттаҳам кард.

Ба гуфти мухолифин нерӯҳои давлатӣ аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдаанд. Ҳукумати Сурия ин иддаоро рад мекунад.

Ҳайати СММ ба хотири тафтиши истифодаи силоҳи кимиёӣ дар низои 29 моҳаи дохилӣ дар Сурия ба ин кишвар ташриф овардааст.

Сухангӯи СММ Эдуардо дел Буе дар шаҳри Нюйорк гуфт:

Дабири кулли СММ аз шунидани хабари истифодаи силоҳи кимиёӣ дар ҳамлаи имрӯзаи канори Димашқ ба ваҳшат омадааст.”

Сухангӯи қасри Сафед Ҷош Эрнест мегӯяд, ИМА аз ин хабар амиқан нигарон буда, аз СММ хостааст, айбномаи истифодаи силоҳи кимиёӣ дар ҳамлаи рӯзи чоршанберо тафтиш кунад.

Ин масъала дар Шӯрои Амнияти СММ ҳам баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG