Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қоҳира дастури раҳоии Муборакро содир кард


Бино ба гузориши телевизиони давлатии Миср, додгоҳи Қоҳира дастур додааст, ки Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср шартан аз боздошт раҳо шавад. Вале то ҳол маълум нест, ки чӣ рӯзе вайро раҳо мекунанд.

Додгоҳ аз моҳи апрел то ҳол аз рӯи се модда раҳоии шартии вайро эълон кардааст ва танҳо парвандаи ниҳоӣ боқӣ мондааст, ки вай раҳо шавад.

Ин модда ба гирифтани ҳадяи ғайриқонунӣ аз вазири иттилоъот рабт дорад. Интизор меравад, ки вакилони мудофеи Муборак аз миён бардоштани ин моддаро собит кунанд, зеро Ҳуснӣ Муборак 600 000 доллареро, ки гирифта буд, баргардонидааст.

Як парвандаи дигар ба куштор иртибот дорад ва иддао мешавад, ки вай дар моҳи феврали соли 2011 дастури оташ кушодан ба сӯи тазоҳуркунандагонро содир кардааст ва дар он одамон кушта шудаанд. Вале моҳи май ин парванда боздошта шуд ва имкон пеш омад, ки вай метавонад шартан аз зиндон раҳо шавад, зеро Муборак мӯҳлати заруриро дар марҳилаи қабл аз додгоҳ дар боздоштгоҳ сипарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG