Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи боздиди расмии Отамбоев аз Тоҷикистон маълум шуд


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев соли ояндаи 2014 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев шоми сешанбеи 20-уми август пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе хабар дод. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мубодилоти мол миёни ду кишвар дар шаш моҳи соли равон тақрибан 94 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор баробар бештар аст. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд ва 470 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони рустоҳои марзӣ борҳо сари замину чарогоҳ ва ё тақсими об бо ҳам ҷанҷолу муноқиша кардаанд.
XS
SM
MD
LG