Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ оғоз шудааст


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳавзаҳои интихоботӣ ба тартиб додани рӯйхати аҳолии қобили раъй, оғоз карданд.

Абдуманнон Додоев, сардори Дастгоҳи Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавзаҳои интихоботӣ дар сартосари кишвар ба тартиб додани руйхати аҳолӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ намуданд.

Вай гуфт, ки то баргузории иҷлосияи муштараки Маҷлсиси Намояндагон бо Маҷлиси Миллӣ дар таърихӣ 30-юми август, руйхати ҳавзаҳо, участкаҳои интихоботӣ ва феҳрасти раъйдиҳандагон мушаххас мешаванд.

Саломатшоҳ Расулов, муаллими яке аз мактабҳои пойтхт гуфт, ки бо дастури ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино омӯзгорон ба манзилҳои истиқоматӣ рафта, аъзои хонаводаҳои қобили раъйро аз рӯи паспортҳояшон ба қайд мегиранд.
Комиссияи марказии интихобот бо назардошти интихоботҳои пешин теъдоди аҳолии қобили раъйи кишварро 3 миллиону 900 ҳазор нафар нишон медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 30 август иҷлосияи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлси Миллӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он таърихи дақиқи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон мешавад. Интизор меравад, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи ноябр баргузор шавад.

То ҳол ҳеҷ як аз номзадҳои эҳтимолии калидӣ роҷеъ ба омодагии худ барои ширкат дар интихобот изҳори назар накардаанд. Дар ҳоле, ки гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат роҷеъ ба эҳтимоли дар интихобот пешбарӣ шудани номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезананд, худи ӯ ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.
XS
SM
MD
LG