Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро муллоҳо дӯст надоранд духтаронашон табиб шаванд?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти минтақаи Кӯлоб мегӯянд, рӯҳониён ба таҳсили духтаронашон дар муассисаҳои тиббӣ розӣ нестанд, вале ҳамзамон намехоҳанд ҳангоми беморӣ духтару ҳамсарони онҳоро пизишкони мард ҷарроҳӣ кунанд.

Бо зикри ин нукта, Ҳабибулло Анақулов, сардори Раёсати ташхис ва таҳлили диншиносии Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар Кӯлоб гуфт, то ҳанӯз аксари хонаводаҳои рӯҳонӣ монеъи таҳсили духтарон дар макотиби миёна ва олӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи оқои Анақулов, зимни як таҳқиқ маълум шудааст, ки бархе аз хонаводаҳои «кӯр-кӯрона пойбанд ба арзишҳои исломӣ» талош мекунанд, то аз синфи нӯҳ монеи таҳсили духтарашон бишаванд ва ё ҳади ақал пас аз хатми синфи 11 ӯро намегузоранд, дар мактаби олӣ таҳсил кунад. Танҳо шумораи ками ба гуфтаи Анақулов хонаводаҳои рӯҳонӣ таҳсили духтаронашонро иҷоза медиҳанд, аммо ба ғайр аз таҳсил дар муассисаҳои тиббӣ.

Ӯ бо муроҷиат ба аҳли толор, ки бештар рӯҳониёни минтақаи Кӯлоб буданд, гуфт: «Духтарро намегузоред, то синфи 11 бихонад, дигар ӯ аз куҷо минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳ идома дода метавонад? Худое накарда, ягон духтар ва ё келини мо бемор шавад, ҳеҷ марди мусалмон розӣ нест, ки табиби мард онро ҷарроҳӣ кунад. Ҳеҷ кас розӣ намешавад. Барои ҳамин биёед, гузоред, то духтаронамон рафта бихонанд. Онҳо омада духтарони худамон, келинҳои худамон, оилаҳои худамонро табобат кунанд. То кай мо эҳтиёҷманд боқӣ мемонем. Имрӯз, бояд чунин мутахассисон аз ҳисоби фарзандони миллати тоҷик фаъолият дошта бошанд.»

Аммо як рӯҳонӣ, ки нахост исмашро сабт кунем, гуфт, онҳо ҳам мехоҳанд, духтаронашон «таҳсили илми дунявӣ» кунанд, аммо аксар маврид дар донишгоҳҳои кишвар арзишҳои исломиро сарфи назар мекунанд, ки ин омил духтари мусалмонро аз таҳсил дилсард мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар Донишгоҳи тиббӣ ҳатто духтарон нимбараҳна ба дарс ҷалб мешаванд, ки ин ба шаъни як духтари мусалмон зебанда нест.

Аммо Шариф Абдулҳамидов, намояндаи Кумитаи дин дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, чунин чорабиниҳо пас аз суханронии президенти кишвар бо рӯҳониён тибқи нақша дар ҳар шаҳру навоҳӣ гузаронида мешавад, ки дар он дар баробари дигар масъалаҳои рӯз, ҷалби таҳсили духтарон ба таҳсил ҳам зикр мешавад.

Ҷаноби Абдулҳамидов афзуд: «Мо ба имомхатибон мерасонем, ки то ин масъаларо бештар зикр кунанд ва худашон пеш аз ҳама бояд намунаи ибрат бошанд. Вақте, ки фарзанди худат таҳсил мекунад, он вақт метавонӣ дигаронро гӯи, ки фарзандатро таҳсил бар. Ҳадафи мо дар баробари баррасии дигар масъалаҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба маориф низ ҳаст.»

Бар асоси иттилои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, имсол беш аз 300 духтар дар ҳудуди вилоят дар озмун барои соҳиб шудан ба квотаи президенти кишвар барои донишҷӯ шудан дар Донишгоҳи тиббӣ иштирок кардаанд. Аз ин миён ба гуфтаи масъулин, танҳо духтари як мулло аз ноҳияи Сарбанд дар озмун ҳоҳиши ширкат пайдо карда, барандаи он шудааст. Дар маҷмӯъ, соли равон 77 духтар тибқи квотаи президентӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулин талош доранд, то фарзандони рӯҳониён бештар ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо ҷалб шаванд.
XS
SM
MD
LG