Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медиа Ҳолдинги “Tajinfo” соҳиби радиои интернетӣ шуд


Раҳим Қаландаров ва Ғуфрон Ваҳобов
Раҳим Қаландаров ва Ғуфрон Ваҳобов

Медиа Ҳолдинги “Tajinfo” ё ширкати матбуотии “Tajinfo” дар Маскав радиои интернетии “Муҳоҷир”-ро харидорӣ кард.

Ғуфрон Ваҳҳобов-раиси “Tajinfo” дар сӯҳбате ба радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳим Қаландаров ва Тоҳир Ҳамдамов-раҳбарони пешини ин радиои интернетӣ хостаанд, ки ин радио зери чатри Медиа Ҳолдинги “Tajinfo” фаъолияташро густариш диҳад.

Музокирот дар бораи харидории радиои “Муҳоҷир” се моҳ пеш оғоз шуда буд ва Ғуфрон Ваҳобов мегӯяд, ки ширкати матбуотии Tajinfo бо назардошти муқаррароти мавҷудаи Русия дар ин рӯзҳо ба кормандони ин радио қарордодҳои нави корӣ имзо мекунад ва барои пахши барномаҳо аз манобеи расмии Русия иҷозаи фаъолият мегирад. Ҳамкорӣ бо раҳбарони пешин низ идома хоҳад ёфт.

Бино ба гуфтаи Ваҳобов, ин радио тамоми шабонарӯз фаъол аст ва дар як вақт тақрибан 5 ҳазор шунаванда дорад. Дар марҳилаи кунунӣ намехоҳад барномаҳои радиои “Муҳоҷир” ва муҳтавои барномаҳоро комилан тағир диҳад, балки пахши барномаҳои пешин ҳамчунон идома меёбад, вале фарқияте, ки пеш хоҳад омад, ин хоҳад буд, ки дар вақтҳо наздик пахши барномаҳои радиои “Муҳоҷир” аз сомонаи “Tajinfo” шурӯъ мешавад.

Радиои «Муҳоҷир» дар миёнаи моҳи сентябри соли гузашта бо кӯшиши як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар Маскав роҳандозӣ шуд ва дар оғоз бо пахши таронаву мусиқӣ иктифо мекард. Ҳоло ин радио зери унвони “Ёди Ватан”, “Дар меҳмонии барномаи радиои Муҳоҷир”, ва “Сӯҳбат бо тоҷикони рӯи дунё” барномаҳо низ дорад.

Дар рӯзҳои оғози фаъолияти ин радио Светлана Земскова-ҳуқуқшинос аз Бунёди дифоъ аз озодии баён гуфта буд, ки радиои интернетии «Муҳоҷир»-ро намешавад ба унвони як радиои қабул кард, зеро барои пеш бурдани фаъолияти радио дар Русия ҳатман муҷаввиз, оиннома ва мавҷи пахши барномаҳо радиоӣ зарур аст.
Акнун чунин ба назар мерасад, ки ширкати матбуотии “Tajinfo” як ҷо бо нашрияҳои «Точикони Россия» («Таджики России») ва маҷаллаи «Таджикистан» радиои интернетии “Муҳоҷир”-ро низ зери чатри худ медарорад ва барои ин радио низ муҷаввизи фаъолият хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG