Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвез Мушарраф маҳкум шуд


 Парвез Мушарраф
Парвез Мушарраф
Рӯзи сешанбе додгоҳи Покистон собиқ раҳбари низомии ин кишвар Парвез Мушаррафро дар куштори Беназир Бҳутто-собиқ сарвазири ин кишвар, дар соли 2007-ум масъул донист.

Додгоҳи шаҳри Равалпиндӣ Мушаррафро бо се қазияи куштор ва як қазияи сӯиқасд ба куштор муҷрим эълон кард. Дар ҷараёни муҳокима Мушарраф худро бегуноҳ номид.

Тибқи гузоришҳо дар гирду атрофи толори додгоҳ садҳо афсари полис мустақар буданд. Аслан ҳукм мебоист 6-уми август эълон шавад, вале хавфи ҳамла болои Мушарраф боис шуд, ки муҳокима ба таъхир гузошта шавад.

Мушарраф дар моҳи март аз баъди ҳиҷрати тӯлонӣ ба Покистон баргаштааст.
XS
SM
MD
LG