Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои осиёии наврасон:Тоҷикистон дар ҷойи 18-ум


Бозиҳои дувуми осиёии наврасон бо ширкати варзишгарони 45 кишвар дар шаҳри Нанҷинги Чин идома доранд.

Ба барномаи Бозиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. Баъди ҷамъбасти чаҳор рӯзи мусобиқот намояндагони 21 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд. Варзишгарони 12 кишвар – Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Малайзия, Сингапур, Узбакистон, Ҳонконг, Тайван, Қазоқистон, IOA (Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ) ва Арабистони Саудӣ бошанд, медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст овардаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 34 медал (17 тилло, 10 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо 5 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Кореяи Шимолӣ бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад. Миёни 10 кишвари пешсаф, ки дар чаҳор рӯзи мусобиқот бо медалҳо мукофотонида шудаанд, ҳамчунин, Ҷопон (1+2+2). Малайзия (1+2+2), Сингапур (1+2+2), Узбакистон (1+2+2), Ҳонконг (1+1+8), Тайван (1+1+3) ва Қазоқистон (1+0+4) ҷойгир шудаанд.

Варзишгарони Ҳиндустон, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, 1 медали тилло ва 3 медали биринҷӣ гирифтаанд. Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустонро ба иллати дахолати ҳукумати ин кишвар ба кори созмони ҷамъиятӣ муваққатан боздоштааст.

Тоҷикистон, ки ба қатори кишварҳои медалдор шомил шуд, бо як нишони биринҷӣ ба мисли Индонезия, Эрон ва Шри-Ланка дар зинаи 18-ум қарор дорад. Ин медалро ба Тоҷикистон Фаррухи Салим, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи дзюдо ба даст овард. Вай шоми рӯзи 19-уми август дар мусобиқаи дзюдо дар вазни то 81 килограмм аз 5 қувваозмоӣ дар чаҳортоаш пирӯз шуд. Фаррух барои ҷои севум бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат ғалабаи соф («иппон») ба даст овард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Фаррухи Салим баъди анҷоми маросими медалсупорӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: «Ман 6-уми июли соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаам. Феълан дар синфи 11-уми мактаб-гимназияи рақами 1-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунам. Ман шогирди мураббии варзида Носир Бозоров мебошам. Мо ба ин мусобиқа 6 моҳ омодагии хуб дидем. Хеле хушҳолам, ки муваффақ шудам ва бо медал ба Ватан бармегардам. Аз дастгирии мухлисони худ, ки дар байнашон падарам ҳам буданд, сипосгузорам. Минбаъд кӯшиш мекунам, ки дар арсаи ҷаҳон парчами Тоҷикистонро баланд бардорам ва ба мисли паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпи соҳиби медал шавам. Умуман, орзӯи ман қаҳрамони ҷаҳону Бозиҳои олимпӣ шудан аст.»

Фаррухи Салим, ки қаҳрамони Бозиҳои осиёии наврасони «Бачаҳои Осиё-2012» дар Ёқутистони Русия мебошад, дар Нанҷинги Чин дар маросими кушоиши Бозиҳои дувуми осиёии наврасон парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Ҳамсухбати дигари мо, устоди Фаррухи Салим, мураббии маъруфи гушти Носир Бозоров, ки дар ин Бозиҳо ба хайси раҳбари мунтахаби Тоҷикистон ва мураббии дзюдочиён ширкат дорад, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ин медал натиҷаи меҳнати пурмаҳсули мост ва ман аз ин муваффақияти шогирдам хеле руҳбаланд шудам. Бовар дорам, ки Фаррух дар оянда ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил мешавад. Фаррух имрӯз хеле хуб ҳунарнамоӣ кард. Афсус, ки вай барои ба финал баромадан қувваозмоиро ба паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ Ҷесанг Ан, ки қаҳрамони ин Бозиҳо шуд, бо як огоҳии «шидо» мағлуб гашт. Барои ҷои севум бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат дар зарфи 38 сония ғалабаи соф («иппон») ба даст овард. Агар Фаррухи Салим аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпи ва Федератсияи дзюдои кишвар дастгирӣ ёбад, боварии комил дорам, ки ӯ дар оянда парчами Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ баланд хоҳад бардошт.»

Дарвоқеъ, шогирдони Носир Бозоров соли равон дар риштаи гуштии кураш низ ба Тоҷикистон шуҳрат оварданд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июл дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, дар гуштии кураш дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Гуштигири дигари тоҷик Сайидҷалол Саидов дар вазни то 90 кг мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд.

Инчунин шогирдони Носир Бозоров моҳи август дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии кураш миёни наврасону ҷавонон дар Тайван 8 медал (4 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) шомиланд. Варзишгарони тоҷик дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 писар) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар чаҳшор рӯзи мусобиқот 6 варзишгари тоҷик дар ду намуд – дзюдо ва вазнабардорӣ рақобат карданд. Вале 4 нафарашон дар риштаи дзюдо - Раҳматуллобек Фарҳодов (то 55 кг), Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Расул Саидов (то 66 кг) ва Баҳригул Бобиева (то 52 кг) ва як нафар - Суннатулло Оев дар мусобиқаи вазнабардорӣ дар вазни то 56 кг аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.

Дар мусобиқаи варзиши сабук, ки шоми сешанбеи 20-уми август барпо мегардад, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ширкат меварзад. Шоми чоршанбеи 21-уми август бошад, вай дар давидан ба масофаи 800 метр рақобат мекунад. Намояндаи дигари Тоҷикистон - Зоир Шералиев шоми 20-уми август дар сабқати гурзандозӣ иштирок менамояд.

Ва, ниҳоят, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Карина Климук, ки рӯзи 19-уми август дар мусобиқаи шиноварӣ миёни духтарон дар даври интихобӣ ба масофаи 50 метр (Breaststroke) бо натичаи 42,96 сония дар байни 22 нафар макоми 19-умро касб намуд, аз хаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.
Карина рӯзи 21-уми август дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни духтарон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Вай, инчунин, рӯзи 22-юми август дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод вориди рақобат мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон мунтахаби Чин бо теъдоди аз ҳама бештари варзишгарон – 252 нафар дар ҳамаи 17 намуд ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қазоқистон 130 варзишгар, Эрон 79, Узбакистон 61, Туркманистон 17 , Қирғизистон 14, Тоҷикистон 9 ва Афғонистон 8 варзишгар шомиланд. Варзишгарони Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳоло медал ба даст наовардаанд.
XS
SM
MD
LG