Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи нақлиётӣ дар Ғончӣ ҳашт кушта бар ҷой гузошт


Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд, шоми 17-уми август дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дар як садамаи нақлиётӣ ҳашт нафар ҳалок шудааст. Ба гуфти манбаъ, ин садама дар километри 254-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух додаст. Сабаби садамаро аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронандаи Тайота кемрӣ Нурулло Бузмаков донистанд. Ронандаи Тайота кемрӣ ба қоидаи роҳ итоат накарда пиёдагард Кибриё Холиқназарови 29 соларо зер мекунад ва ба амтомобили «Опел» бармехӯрад, ки дар натиҷа ҳашт нафар ҳалок шуда, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ изҳори нигаронӣ карда буданд. Танҳо давоми ҳафт моҳи имсол 596 адад садамаҳои нақлиётӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад зиёд аст. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳодисаҳои мазкур 191 нафар ба ҳалокат расидааст ва ин шумора аз соли гузашта 17 нафар бештар аст. Ин ниҳод бо нигаронӣ аз афзоиши садама дар кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рухдода 655 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG