Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълумоти нав дар қазияи марги шоҳзодахонум Диана


 Шоҳзодахонум Диана
Шоҳзодахонум Диана
Полиси Британия маълумоти нав дар бораи марги шоҳзодахонум Диана ва Додӣ Фоидро таҳқиқ мекунад.

Скотланд Ярд дар изҳороти рӯзи шанбе тафсилоти бештар надодааст. Ин идора ҳамчунон иброз доштааст, ки тафтиши қазияи марги шоҳзодахонум Диана ва Додӣ Фоид, ки моҳи августи соли 1997 бар асари бархӯрди мошинашон бо сутуни яке аз тунелҳои пойтахти Фаросна ҳалок шудаанд, дубора боз нахоҳад шуд.

Соли 2008-ум ҳайати мунсифа таъкид кард, ки шоҳзодахонум Диана ва Фоид дар натиҷаи ронандагии бемулоҳизаи ронандаи мошини онҳо ва ронандагии бебоконаи аксбардороне, ки онҳоро таъқиб мекарданд, ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG