Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар назди масҷиди ал-Фатҳи Қоҳира


Рӯзи шанбе дар гирду атрофи масҷиди Ал-Фатҳи Қоҳира садои тир ба гӯш мерасид. Телевизион маҳаллӣ тирпарронии нерӯҳои давлатӣ ба тарафи манораи ин масҷидро намоиш дод.

Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, бар пояи омори ахир рӯзи ҷумъа дар эътирозҳои тарафдорони президенти барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ камаш 173 кас ҳалок шудаанд.

Нерӯҳои амнияти Миср ба масҷиди муҳосирашудаи Қоҳира, ки дар он эътирозгарони исломӣ ҷамъ шуда буданд, ворид шудаанд. Рӯзи шанбе иттилоъ пахш шуд, ки нерӯҳои амниятӣ бахше аз масҷиди ал-Фатҳро аз пайравони ҷунбиши Бародарони мусулмон ё худ Ихвонулмуслимин поккорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG