Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон урдугоҳи гуруснанишинонро оташ заданд


Дар вилояти Балуҷистони Покистон як урдугоҳи гуруснанишинон ба коми оташ рафт.

Гуруснанишинӣ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишти мардуми бе ному нишоншуда дар маркази маъмурии вилояти Балуҷистон- шаҳри Кветта ташкил шуда буд.

Расман сабаби сӯхтори рӯзи чоршанбе эълон нашудааст. Гурӯҳе бо номи Садои мардуми балуҷии бе ному нишоншуда мегӯяд, урдугоҳро афроди ношинос оташ заданд.

Гурӯҳ меафзояд, ки ахиран мансабдорони ҳукуматии маҳаллӣ ҳушдор дода буданд, ки агар урдугоҳро маҳв накунанд, паёмади он бар дӯши гурӯҳ хоҳад буд.

Дар вилояти Балуҷистони ҳаммарз бо Афғонистону Эрон ҷангҷӯёни исломӣ, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ҷудоихоҳони балуҷӣ фаъол мебошанд.
XS
SM
MD
LG