Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқовимат дар масҷиди ал-Фатҳи Қоҳира идома дорад


 Гирдиҳамоӣ дар майдони назди масҷиди ал-Фотеҳи Қоҳира
Гирдиҳамоӣ дар майдони назди масҷиди ал-Фотеҳи Қоҳира
Нерӯҳои амнияти Миср ба масҷиди муҳосирашудаи Қоҳира, ки дар он эътирозгарони исломӣ ҷамъ шуда буданд, ворид шудаанд.

Рӯзи шанбе иттилоъ пахш шуд, ки нерӯҳои амниятӣ бахше аз масҷиди ал-Фотеҳро аз пайравони ҷунбиши Бародарони мусулмон ё худ Ихвонулмуслимин поккорӣ кардаанд.

Ҳафтаи равон дар Миср бар асари бархӯрдҳои нерӯҳои амниятӣ бо тарафдорони президенти барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ беш аз 700 кас кушта шуданд.

Хабаргузории Франс пресс аз қавли вазорати корҳои дохилии Миср хабар додааст, ки рӯзи ҷумъа беш аз 1000 пайрави ҷунбиши Ихвонулмуслимин боздошт шуданд.

Ин ҷунбиши исломӣ ҷумъаи 16-уми августро ба ёди қурбониҳои рӯзи чоршанбе “Рӯзи ғазаб” номида, мардумро ба эътирозҳои дастаҷамъӣ даъват кард. Дар натиҷа камаш 80 кас ҳалок шуданд.

Рӯзи чоршанбе бошад, ҳангоми поккории ду майдони Қоҳира аз эътирозгарон исломӣ беш аз 600 нафар ба қатл расида буданд.
XS
SM
MD
LG