Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар муноқишаҳои Миср 70 тан кушта шудаанд


Ба думболи ҳалокати дасти кам 70 нафар дар муноқишаҳои Миср, исломгароён аз тарафдоронашон хостанд, ки ба раҳпаймоиҳо хотима диҳанд. Вале созмони Ихвонулмуслимин ваъда дод, ки тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср як ҳафта дар саросари кишвар тазоҳурот хоҳанд кард. Яке аз пайравони созмони мазкур мегӯяд:
"Мо мардуме нестем, ки ба фишор тан бидиҳем. Ҳар қадар ки алайҳи мо фишор биёранд, ҳар қадаре ки моро бикушанд, мо идома медиҳем, то охир идома медиҳем. Ҳатто агар охирин нафари моро бикушанд мо то охир идома медиҳем."

Бино ба гузоришҳо, рӯзи ҷумъа танҳо дар шаҳри Қоҳира дасти кам 50 нафар ва дар шаҳрҳои дигар 20 нафар кушта шудаанд. Созмони Ихвонулмуслимин аз тарафдоронаш даъват карда буд, ки ба нишони эътироз аз қатли садҳо тарафдори он дар рӯзи чаҳоршанбе ба хиёбонҳо бароянд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Миср дар он рӯз ҳангоми барчидани урдӯгоҳҳои тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ва даргириҳо 620 нафар кушта шудаанд. Созмони Ихвонулмуслимин мегӯяд, теъдоди қурбониён аз 2 ҳазор нафар ҳам бештар будааст.
XS
SM
MD
LG