Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гӯшаи дастнохӯрдаи саёра олуда мешавад


Давлати Эквадор мегӯяд, ба истихроҷи нафт дар як гӯшаи дастнохӯрдаи ҷангалҳои анбӯҳи Амазон шурӯъ хоҳад кард, зеро кишварҳои сарватманд, барои ҳифзи ин гӯшаи нодири табиат пули кофӣ напардохтаанд. Рафаел Корреа, раиси ҷумҳури Эквадор, шоми панҷшанбе гуфт, қарор дар бораи иҷозаи истихроҷ дар мамнӯъгоҳи Ясуниро бо “ғамгинии бисёр зиёд” қабул кардааст. Давлати Эквадор умед дошт, ки барои ҳифзи мамнӯъгоҳ ва даст нарасондан ба он то 12 соли оянда аз тариқи Созмони Милал 3 миллиарду 600 миллион доллар, нисфи арзиши захираҳои нафти он минтақа, кӯмак хоҳад гирифт. Аммо ба гуфтаи Рафаел Корреа, кишвараш то кунун танҳо нисфи он пулро ба даст овардааст. Мамнӯъгоҳи Ясунӣ аз назари набототу ҳайвонот, яке сарватмандтарин гӯшаи курраи Замин ва маҳалли зисти қабилаҳои бумӣ аст. Захираҳои нафти он 800 миллион бушка ҳисоб шудааст.
XS
SM
MD
LG