Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алюмини қочоқӣ дар марзи Қирғизистон боздошт шудааст


Расонаҳои хабарии Қирғизистон иттилоъ додаанд, ки дар вилояти Ботканд як миқдор алюмини қочоқиро боздошт кардаанд. Дафтари матбуотии Гумруки давлатии ин кишвар гуфтааст, ки дар деҳаи Миноруқи ноҳияи Ботканди Қирғизистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон аз дохили як мошини тамғаи Мерседес, ки рақамҳои давлатии Қирғизистонро дорад, 430 баста сими алюмин боздошт кардаанд, ки аз ҷумҳурии Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шудааст.

Мақомоти интизомии ин кишвар ба расидагии ин қазия оғоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG