Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз селобҳои шадид дар Шарқи Дур нигарон аст


Селоб дар Благовешенск
Селоб дар Благовешенск
Дар Шарқи Дури Русия бештар аз 14 ҳазор нафар сокинон аз 113 шаҳраку деҳот, ки дар соҳаи хатари селоб қарор доштанд, ба ҷойҳои дигар кӯч дода шуданд.

Вазорати корҳои фавқулоддаи Русия рӯзи ҷумъа гуфт, ки дар вилояти Амур, минтақаи Хабаровск ва минтақаи мухтори Яҳудиҳо аз ҳафтаи гузашта то ҳол аз селобҳо 4 600 хона осеб дидаанд.

Бино ба хабарҳо, сатҳи об дар рӯдхонаи Амур дар Хабаровск аз шаш метри қобили қабул боло рафтааст ва ҳанӯз дар ҳоли болоравист. Мақомоти маҳаллӣ аз вазъи ниругоҳҳои барқи обии Зиё ва Бурей дар ин обхезиҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.
Вазорати дифоъ ба минтақа ниру ва таҷҳизоти зарурии изофӣ фиристодааст.

Кормандони беҳдошт низ ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки аз 18 то 23 август сатҳи об дар рӯдхонаҳо ба баландтарин нуқта хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG