Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасгир шудани падару писар бо маводи мухаддир дар Душанбе


Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе падару писарро бо маводи нашъадор боздошт намудаанд. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 13-уми август дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе аз дохили як мошин 850 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт карданд. Манбаъ меафзояд, ки маводи нашъадор ба ронандаи ин автомобил Раҳмон Исмонови 51- сола таалуқ доштааст. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони пулис муайян шудаст, ки Раҳмон Исмонов бо маслиҳати пешакӣ бо писараш Сабзалии Раҳмонзодаи 22 сола маводи мазкурро аз ноҳияи Шӯрообод ба шаҳри Душанбе интиқол дода, сипас онро мехостанд ба шаҳрванд Умари Назари 22 сола фурӯшанд. Кормандони пулис аз дохили бағоҷи дастии Умари Назар 320 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт намуданд. Кормандони пулис инчунин, Сабзалии Раҳмонзода, писари Раҳмон Исмоновро барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дастгир мекунанд. Манбаъ таъйид мекунад, ки кормандони пулис аз Сабзалии Раҳмонзода 1 килою 574 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёф кардаанд.
XS
SM
MD
LG