Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти маллоҳони Ҳинд ҳанӯз номаълум аст


Умедҳо барои зинда пайдо кардани маллоҳони дармонда дар сафинаи зериобии ғарқшуда дар Ҳинд ба тадриҷ камтар мешавад. Д.К Ҷошӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, “мо умедвори поёни хубе ҳастем, вале бояд барои бадтарин паёмад омодагӣ бигирем. Рӯзи чаҳоршанбе сафинаи зериобии Ҳинд дар шаҳри Мумбай таркид ва бо 18 маллоҳаш ғарқ шуд. Ғаввосон тавонистаанд, яке аз дарҳои киштиро боз кунанд, аммо ба далели торикиву оби гилолуд натавонистаанд, вориди он шаванд. Киштии 16-солаи тавлиди Русия чанде пеш баъди таъмир ба Ҳинд фиристода шуд ва сабабҳои таркиш дар он ҳоло маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG