Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани ҷасади як ҷавон аз дарёи Панҷ пас аз 20 рӯз


Ҷасади домоде, ки барои овардани ҳамсари худ аз Кӯлоб ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафта буд, баъд аз бист рӯз аз дарёи Панҷ берун оварда шуд. Ин ҷавони 21 сола бо номи Бахтовар ҳудуди бист рӯз пеш ҳамроҳ бо наздиконаш барои овардани арӯс ба ноҳияи Ҳамадонӣ сафар карда буд, вале қабл аз никоҳ бо рафиқаш ғайб зад. Субҳи рӯзи дигари либосҳои ин ду ҷавон аз шохоби рӯдхонаи Панҷ бо мошини сабукравашон пайдо шуд. Пас аз се рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади Шералӣ Мирзохонов, дӯсти Бахтоварро аз соҳили ин шохоби Панҷ ёфтанд, вале аз ҷасади худи шаҳ хабаре набуд. Ба нақли сокинон, ин ду ҷавон ният доштанд, то фарорасии шом оббозӣ кунанд ва баъдан ба никоҳ омодагӣ бигиранд, аммо ҳамин ҳангом ғарқ мешаванд. Рӯзи 3-уми июл Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо сокинони Фархор гуфт, оби рӯдхонаи Панҷ бинобар об шудани пиряхҳо 1000 кубометр бештар шудааст ва оббозӣ дар он хатар дорад.
XS
SM
MD
LG