Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Озарбойҷон ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд


Рӯзи сешанбе дар ҷараёни боздиди президенти Русия Владимир Путин аз Озарбойҷон як созиши густурдаи ҳамкории ширкати давлатии Роснефти Русия бо ширкати давлати СОКАРи Озарбойҷон дар соҳаи нафту газ ба имзо расид.

Дар поёни маросими имзои созиш президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор намуд, ки имзои ин санад гувоҳи оғози марҳилави ҳамкориҳои Русияву Озарбойҷон дар соҳаи нафту газ мебошад.
XS
SM
MD
LG