Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷирони масолеҳи бинокорӣ дар Файзобод


Баҳси моликият дар бозори масолеҳи бинокории Файзобод, ки ба эътирози тоҷирон сабаб шуда, шикояти онҳо то Додгоҳи Олии Тоҷикистон расидааст, идома дорад.

Даҳҳо тан аз тоҷирони бозори масолеҳи сохтмонии «Аҳмад- Шариф»-и деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод субҳи рӯзи 13-уми август бар омада боз дари фурӯшгоҳро баста дарёфтанд.

Тоҷироне, ки дар бозори «Аҳмад- Шариф» фурӯшгоҳ доранд, мегӯянд, барои талаби ҳаққи моликият ба дӯконҳои худ ҳадафи худсарии молики замине шудаанд, ки бозор дар ҳудуди он ҷойгир аст. Аммо соҳибмулк Собир Аҳмадов посух медиҳад, ки шикояти тоҷирон беасос аст. Дар натиҷаи ин баҳс садҳо муштарие зиён мебинанд, ки мехоҳанд, то оғози фасли сард сохтмони манзилҳои худро ба поён расонанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим


Бахтиёр Нуралиев, яке аз соҳибкорони ин бозор мегӯяд аз рӯзе, ки ӯ ва дигар тоҷирон аз раиси бозори «Аҳмад- Шариф» талаб карданд, ки дӯконҳои онҳоро ба номи ҳар яке ҳуҷҷат кунад, вай бо ҳар баҳона дари бозорро баста, монеи кори тоҷирон мешавад: «мо аз бонк қарз гирифта фаъолият карда истодаем. Андози давлатро барои ҳар як рӯз ҳисоб карда сари вақт месупорем. Фоизи қарзи бонкро низ ҳамчунин. Аммо мо агар як рӯз фаъолият кунему даҳ рӯз не аз куҷо ин ҳама пулро месупорем. Магар ҳамин рӯз аст ки мо маҳсулотамонро аз таги дари дарвоза кашида ба мардум мефурӯшем. Оё мо дар замони ғуломдорӣ зиндагӣ дорем?!»

То соли 2001 ин бозор гаражи мошинҳои колхоз буда, баъд аз он ки бо қарори ҳукумат ин ҷо ба бозор табдил ёфт ва тоҷирон бо пардохти аз як то чор ҳазор доллар ба соҳибмулк Собир Аҳмадов барои худ дар ин бзор порчаи замин хариданд. Ба гуфтаи Нуралиев тоҷирон бо пули худашон дуконҳоро бунёд карданд ва Аҳмадов ваъда дод, ки ин порчаҳои замин дар оянда моликияти онҳо хоҳад шуд ва дар он ҷо метавонанд ҳатто хона бунёд кунанд. Аммо ин ваъда иҷро нашуда, акнун ба мояи баҳс табдил ёфтааст

Тоҷирони дӯконҳои масолеҳи сохтмонии ин бозор барои дарёфт кардани кардани ҳаққи моликият дар ин бозор ба додгоҳи ноҳия ва баъдан ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Додгоҳи олӣ ба онҳо тавсия додаст. ки ба суди иқтисодӣ муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ин тоҷирон, ҳоло аризаи шикоятии эшон дар баррасии Додгоҳи иқтисодӣ қарор дорад. Онҳо ҳамчунин 20 рӯз қабл ба Ҳукумати ноҳияи Файзобод низ барои ҳали мушкили хеш муроҷиат кардаанд, вале то ба ҳол посух нагирифтаанд.

Як тоҷири дигар ин бозор, ки худро Амин муаррифӣ кард, мегӯяд се моҳ мешавад, раиси бозор ба фаъолияти онҳо сахт монеъ мешавад ва дар як ҳафта як маротиба дари бозорро боз мекунад: «ҳоло бозор фақат рӯзи якшанбе кор мекунад. Қаблан ҳар рӯз дараш боз буд. Ҳоло бошад раиси бозор дарро бастааст ва мегӯяд хоҳед ҳамин рӯзи якшанбе кор кунед вагарна ҷойро холӣ кунед».

Аммо Собир Аҳмадов раиси хоҷагии деҳқонии «Аҳмад- Шариф», ки дар қисмате аз заминҳои он бозор мустақар аст, мегӯяд дар фаъолияти бозор ягон мушкил вуҷуд надорад ва ин моҷароро тоҷирони туҳматчӣ ташкил кардаанд: «реҷаи фаъолияти бозорро хадамоти санитариву эпидемологии ноҳия ҳамроҳи садорати бозор тартиб додаанд. Ба ман Шаҳло Тағоева роҳбари ин хадамот супориш дод, ки рӯзҳои душанбе ва сешанбе мо рӯзи санитарӣ гузаронем. Барои он ки рӯзи якшанбе бозори калон барпо мешавад ва партовҳои зиёд ҷамъ мешавад дар ҳудуди бозор».

Аҳмадов меафзояд, дар панҷ рӯзи боқимонда дӯконҳои маводи сохтмонии бозор озодона фаъолият доранд.

Дӯконҳои бозори «Аҳмад-Шариф» дар деҳаи Мискинобод, ба гуфтаи сокинон, ягонаи нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмони дар ноҳия Файзобод аст ва мушкили онҳоро осон карда буд. Аммо акнун дар ташвишанд, ки бо баста шудани бозор онҳо боми хонаҳои гилини худро расидани боронгариҳо анҷом дода наметавонанд.
XS
SM
MD
LG