Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафҳаи қалбакӣ бо номи Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Фейсбук


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як иттилоия аз қалбакӣ сохтани саҳифае бо номи ӯ дар сомонаи Фейсбук хабар медиҳад. Зарифӣ имрӯз 13-уми август дар саҳифаи худ дар ин сомонаи иҷтимоӣ менависад, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook аккаунт бо номи – Ҳамроҳхон Зарифӣ 7-уми август сохта шудааст ва соҳиби ин саҳифа шахси номаълум аст. Дар саҳифаи қалбакие, ки бо номи вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ сохта шудааст, аз саҳифаи вай ҳамаи аксу маълумотҳоро нусхабардорӣ карда дар он ҷой кардааст. Зарифӣ навиштааст, дар ҳоли ҳозир он шахс, ки аз номи ман аккаунт ташкил додааст ба шахсони бисёре “пешниҳоди дӯстӣ” фиристодааст. Дар охир аз истифодабарандагон хоҳиш кардааст, ки дар ҳоли бо ин аккаунт ё ҳамин саҳифа ру ба ру шудан донанд, ки ин қалбакӣ аст.

Қаблан ҳам саҳифаҳои қалбакӣ бо номҳои сиёсатмадорону рӯҳониёни машҳури Тоҷикистон, назири Эмомалӣ Раҳмонб, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Раҳматилло Зойиров ва чанде дигарон дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук сохта шуда буд.
XS
SM
MD
LG