Идораи додситонии кулли Русия мегӯяд, шаҳодате пайдо кардааст, ки довталаби курсии мири Маскав Алексей Навалний ғайриқонунӣ аз хориҷа сармоя мегирад.
Тибқи гузориши додситонии кулли Русия беш аз 300 кумакрасони хориҷии номаълум аз 46 кишвари олам барои маъракаи пешазинтихоботии Навалний ба низоми Яндекс-денги пул фиристодаанд.
Рӯзи душанбе раиси ситоди интихоботии Навалний Леонид Волков гуфт, Навалний аз ягон шаҳрванди хориҷӣ пул нагирифтааст.
Рӯзи душанбе сухангӯи низоми пулии Яндекс-денги Ася Мелкумова ба хабарнигорон гуфт, то ҳол идораи додситонӣ ба онҳо муроҷиат накардааст, ки дар бораи сармоягузории маъракаи пешазинтихоботии Навалний маълумот диҳад.
Навалний, ки аз мунаққидони сарсахти Кремл ба шумор меравад, ҳафтаи гузашта дар бораи хусусигардонии манзили Сергей Собянин-мири кунунӣ ва довталаби асосии курсии мири Маскав, мақола навишта, шаръияти соҳиби хонаи баробар ба 5 миллиону 270 ҳазор доллар шудани духтари Собянинро зери шубҳа қарор дод.
Вале сухангӯи Собянин иддао дорад, ки манзил ба Собянин ҳангоми кор дар дастгоҳи президенти Русия тақдим шуда буд ва баъдан хусусигардонии он ҳам қонунӣ будааст.