Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Торнамои вазорати хориҷаи Қирғизистонро "шикастанд"


Торнамои вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон
Торнамои вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон
Торнамои вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон тавассути гурӯҳи номаълум, шикаста шудааст. Тахмин меравад, ки ин гурӯҳ аз Туркия бошад. Ин гурӯҳ худро бо номи "B3YAZ" муаррифӣ кардааст ва дар сафҳаи вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон ба забони туркӣ эъломияеро нашр кардааст. Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки “то ҳол ба ин торнамо зараре нарасидааст”.

Дар ҳушдор омадааст, ки сабаби чунин ҳамла сарфи назар кардани ҳушдорҳои пешини ин гурӯҳ будааст. Вале ин гурӯҳ нагуфтааст, ки ҳушдорҳои пешини он чӣ будааст.
Дар ин паёми ҳушдор ҳамчунин аз чанд сомонаи интернетӣ ном бурда мешаванд, ки яке аз онҳо Anti-Armenia.org аст. Дар вазорати корҳои хориҷаи Қиризистон дар ин бора касе тавзеҳот надодааст ва рӯзи ҷумъа дар ин кишвар низ рӯзи Иди Фитр буд.
XS
SM
MD
LG